Савол № 02177
Аксари мардон бемории простатит доранд, ки пас аз таҳорат ҳангоми гузоридан намоз ягон қатра хориҷ мешавад. Оё дар ин ҳолат намозро тарк карда аз нав таҳорат кардан лозим аст?
Савол:
Ассалому алайкум. Аксари мардон бемории простатит доранд, ки пас аз таҳорат ҳангоми гузоридан намоз ягон қатра хориҷ мешавад. Оё дар ин ҳолат намозро тарк карда аз нав таҳорат кардан лозим аст?
Саволдиҳанда: Муҳаммад
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар ин ҳолат бори аввал рух диҳад, намозро тарк карда, таҳорати тоза кардан лозим аст. Агар бисёр рух диҳад, пас дар ин сурат ин шахс маъзур (соҳиби узр) ҳисоб мешавад ва бо ҳамон ҳолат намозашро адо мекунад, вале дар вақти ҳар намоз бояд таҳорати тоза кунад.