Савол № 02183
Намози таҳаҷҷудро соати чанд хондан дуруст аст?
Савол:
Ассалому алайкум. Намози таҳаҷҷудро соати чанд хондан дуруст аст?
Саволдиҳанда: Таҳмина
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, намози таҳаҷҷуд нимашаб гузорида мешавад ва соати муайян надорад, пас аз бедор шудан аз хоб то қабл аз дамидани субҳ метавонед ин намозро гузоред. Вақти субҳ дар давоми фаслҳои сол тағйир меёбад.
2019-06-03
4019