Савол № 02195

Падаре, ки дар моҳи шарифи Рамазон бо оилаи худ ва фарзандонаш ҷанҷол карда, дашномҳои қабеҳ диҳад ва лату кўб кунад, дар ин ҳолат аҳли оила чӣ кор бояд кунанд?

Савол:

Ассалому алайкум домулои азиз. Падаре, ки дар моҳи шарифи Рамазон бо оилаи худ ва фарзандонаш ҷанҷол карда, дашномҳои қабеҳ диҳад ва лату кўб кунад, дар ин ҳолат аҳли оила чӣ кор бояд кунанд? Оё рўзаи ин хел падар дуруст аст?

Саволдиҳанда: Муҳаммадёқуб

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, падар барои ин гуна рафтораш сахт гунаҳгор аст, агар ин амалҳои зиштро дар моҳи муборак анҷом дода бошад, аз савоби рўза маҳрум шудааст. Ин моҳ моҳи иҷобати дуо аст, дар вақти кушодани рўза барои ислоҳи ахлоқи падар холисона дуо бояд кард, иншоаллоҳ фазои хонавода неку хоҳад шуд.

2019-06-03
2999
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42