Савол № 02205

Ҳангоми бархостани меҳмонон аз сари дастурхон ояте ё дуое хонда мешавад. Дар ин маврид кадом оят ё дуоро бояд хонд?

Савол:

Ҳангоми бархостани меҳмонон аз сари дастурхон ояте ё дуое хонда мешавад. Дар ин маврид кадом оят ё дуоро бояд хонд?

Саволдиҳанда: Шамсулло 

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, пас аз фориғ шудан аз тановули таом дуои зайл хонда мешавад:

“Алҳамду лиллоҳиллазӣ атъамно ва сақоно ва ҷаъалано минал-муслимин. Аллоҳумма борик лано фӣ мо разақтано варзуқно хайран минҳу вағфир лано варҳамно, бираҳматика ё Арҳамар-роҳимин”.

Тарҷума: Ҳамду сипос Худовандро сазост, ки ба мо неъмати таому об бахшид ва моро аз зумраи мусуслмонон қарор дод. Худовандо! Дар он чи ба мо рўзӣ кардӣ, баракат ато фармо ва беҳтар аз онро насибамон гардон, моро биёмурзу бибахшо, эй бахшандатарин бахшандагон, умед аз раҳмати Ту дорем.

Агар дар ҳаққи гузаштагон фотиҳае хондан лозим бошад, пас чанд ояте аз Қуръон тиловат карда, ин дуоро мехонад:

«Аллоҳумма наввир қулубано бил-Қуръон ва заййин ахлоқано бил-Қуръон ва наҷҷино минан-нори бил-Қуръон ва адхилнал-ҷанната бил-Қуръон. Раббанағфир лано ва лиихвониналлазина сабақўно бил-имон ва ло таҷъал фӣ қулубино ғиллал-лиллазина оманў, Раббано иннака Ғафурур-Раҳим бираҳматика ё Арҳамар-роҳимин».

Тарҷума: Худовандо! Қалбҳои моро бо нури Қуръон мунаввар бигардон, ахлоқи моро бо зинати Қуръон музайян бигардон, моро ба шарофати Қуръон аз азоби дўзах бираҳон ва ба каромати Қуръон моро дохили биҳишт бигардон. Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки ба имон овардан бар мо сабқат карданд, биомурз ва дар дилҳои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, ҳеҷ кина пайдо макун. Парвардигоро! Ту Бахшояндаи Меҳрубон ҳастӣ, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон, умед аз раҳмати Ту дорем.

2019-06-29
3470
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39