Савол № 02242
Даромадан ба биҳишт ё дўзах дар рўзи қиёмат хоҳад шуд. То рўзи қиёмат рўҳҳои мурдагон чӣ мекунанд?
Савол:
Ассалому алайкум. Даромадан ба биҳишт ё дўзах дар рўзи қиёмат хоҳад шуд. То рўзи қиёмат рўҳҳои мурдагон чӣ мекунанд?
Саволдиҳанда: Файзуллоҳ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, рўҳҳои мурдагон то рўзи қиёмат дар олами арвоҳ мемонанд. Аҳли имону амали солеҳ роҳату осоиш меёбанд ва аҳли маъсияту гуноҳ ба азобу шиканҷа гирифтон мешаванд.
2019-07-13
4248