Савол № 02265
Шахсе ба ҳамсараш гуфт, ки «ба ту ҷавоб», баъд аз як моҳ бо тариқи паёмак навишт, ки «талоқат кардам». Пас аз ду сол никоҳ карданд ва баъд аз чанд соли зиндагӣ фарзандор мешаванд. Мутаассифона пас аз як ҷанҷоли сахт шавҳар ба зан мегўяд, ки «ба ту талоқ!», боз қаноат накарда мегўяд, ки «сад талоқ!».
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Шахсе ба ҳамсараш гуфт, ки «ба ту ҷавоб», баъд аз як моҳ бо тариқи паёмак навишт, ки «талоқат кардам». Пас аз ду сол никоҳ карданд ва баъд аз чанд соли зиндагӣ фарзандор мешаванд. Мутаассифона пас аз як ҷанҷоли сахт шавҳар ба зан мегўяд, ки «ба ту талоқ!», боз қаноат накарда мегўяд, ки «сад талоқ!». Оё имконияти як бори дигар никоҳ кардан ҳаст?
Саволдиҳанда: Сайф
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар сурати мазкур ҳамсари ин шахс се талоқ шудааст ва имконияти бори дигар никоҳ карданро аз даст додаанд.