Савол № 02301

Агар шахс ҳангоми ғазаб қасам хўрда, пасон пушаймон шавад, чӣ бояд кунад? Оё роҳи бозгаште ҳаст?

Савол:

Агар шахс ҳангоми ғазаб қасам хўрда, пасон пушаймон шавад, чӣ бояд кунад? Оё роҳи бозгаште ҳаст?

Саволдиҳанда: Парвина

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ қасам бар се қисм аст: Қасами мунъақид, қасами ғамус ва қасами лағв. Ҳар яке аз ин навъҳо дорои суратҳои хос аст, ки дар китобҳои фиқҳӣ зикр шудаанд. Агар лафзи қасам аз навъи қасами мунъақид бошад, баргардонидани он имкон надорад. Дар ҳолати шикастани қасам вобаста ба лафзи он каффорат лозим мешавад ва ё ҷазо воқеъ мегардад. Масалан, агар касе савганд ёд кард, ки “фалон амалро анҷом намедиҳам”, вале пас аз чанде он амалро анҷом дод, дар ин ҳолат қасамаш мешиканад ва бар ў каффорат лозим мегардад. Каффорати қасам ин аст, ки даҳ нафар фақирро наҳору шом ғизо бихўронад ё ба ҳар нафар фақире ним ман гандум (2 кг) ё як ман (4 кг) ҷав ё қимати онро бидиҳад ё даҳ мискинро либос бипўшонад, агар бар яке аз инҳо қодир набуд, се рўз рўза бигирад. Агар касе савганд ёд кард, ки “агар фалон корро анҷом диҳам, занам талоқ бошад”, пас, агар он корро анҷом диҳад, ҳамсараш талоқ мешавад.

2020-04-03
2109
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39