Савол № 02305

Агар шавҳар бо ҳамсараш ҳамбистарӣ кардан хоҳад, вале ҳамсар нахоҳад, оё дар ин ҳолат бо дасти худ шаҳваташро ором кардан ҷоиз аст? Дар ин бора чӣ маслиҳат медиҳед.

Савол:

Агар шавҳар бо ҳамсараш ҳамбистарӣ кардан хоҳад, вале ҳамсар нахоҳад, оё дар ин ҳолат бо дасти худ шаҳваташро ором кардан ҷоиз аст? Дар ин бора чӣ маслиҳат медиҳед.

Саволдиҳанда:Ҷабрибек

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар ин ҳолат шавҳар бояд ҳамсарашро насиҳат кунад, агар ҳамсараш узре надошта бошад, бояд даъвати шавҳарро бипазирад, зеро Расули Худо (с) мефармоянд: “Ҳар гоҳе мард ҳамсарашро ба ҳамбистарӣ даъват кунад, вале зан хоҳиши ўро иҷобат накунад ва шавҳар хашмгин бихобад, фариштагон то субҳ ўро лаънат мекунанд”. Агар зан узре дошта бошад, дар ин ҳолат мард набояд шаҳваташро бо даст хомўш кунад, балки рўза дорад, иншоаллоҳ мушкилаш бартараф хоҳад шуд. Фарди мусулмон набояд фаромўш кунад, ки Аллоҳ таъоло ҳамеша ҳозиру нозир ва аз ҳар амали анҷомдодаи бандааш бохабар аст. Мўъмин бояд сабр дошта бошад, агар не, пас байни ў ва дигар инсонҳо чӣ фарқе мемонад.

2020-04-03
2819
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:17
Шом17:15
Хуфтан18:45