Савол № 02336
Шахсе суннат мехонд, ки дар ин лаҳза иқомат гуфта шуд, бояд намозро идома диҳад ё ки салом диҳад?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Шахсе суннат мехонд, ки дар ин лаҳза иқомат гуфта шуд, бояд намозро идома диҳад ё ки салом диҳад?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар ин шахс намози суннати бомдод мегузорад, бояд намозро ба поён расонад, сипас ба намози ҷамоат бипайвандад. Агар дар намози суннати пешин қарор дорад ва ҳанўз як ракъат нагузоридааст, бояд намозашро қатъ кунад ва агар як ракъат гузорида бошад, як ракъати дигар ба он зам карда сипас намозашро қатъ намояд ва ба ҷамоат ҳамроҳ шавад, пас аз итмоми ҷамоат намози суннатро бигузорад.