Савол № 00235

Марде бо зани дигар зино кунад (аъузу биллоҳи мин золика), никоҳаш бо зани худ бурида мешавад ё не?

Савол:

Ассалому алайкум ҳазрати шайх. Марде бо зани дигар зино кунад (аъузу биллоҳи мин золика), никоҳаш бо зани худ бурида мешавад ё не?

Саволдиҳанда:Иброҳим

Ҷавоб:

Дар сурати даст ба зино задани марди ҳамсардор ҳамсараш талоқ намешавад, модоме ки зиноро ҳалол намедониста бошад. Бояд донист, ки зино гуноҳи басо бузург аст, агар тавба накунад, ӯро ҷазои баде дар қабр ва қиёмат интизор аст.

2015-11-19
5283
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:32
Пешин12:40
Аср17:46
Шом19:44
Хуфтан21:14