Савол № 02352

Ҳангоми таҳорат дар аснои мисвок кардан аз дандонҳоям хун ҷорӣ мешавад. Баъзе вақт пас аз адои намоз низ аз дандонҳоям ҷорӣ мешавад, вале намедонам, ки кай хун омадааст. Оё бо хун ҷорӣ шудан аз дандон таҳорат мешиканад? Оё намози ман дар ин ҳолат дуруст шудааст?

Савол:

Ассалому алайкум. Ҳангоми таҳорат дар аснои мисвок кардан аз дандонҳоям хун ҷорӣ мешавад. Баъзе вақт пас аз адои намоз низ аз дандонҳоям ҷорӣ мешавад, вале намедонам, ки кай хун омадааст. Оё бо хун ҷорӣ шудан аз дандон таҳорат мешиканад? Оё намози ман дар ин ҳолат дуруст шудааст?

Саволдиҳанда: Сулаймон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҷорӣ шудан хун аз дандон таҳоратро мешиканад. Агар ин ҳолат дар аснои намоз рух диҳад, намоз фосид мешавад. Таҳорати тоза карда, он намозро аз сар бояд гузорид. Агар пас аз адои намоз аз дандон хун ҷорӣ шавад, дар ин сурат намоз дуруст аст, вале таҳорати тоза кардан лозим мегардад.

2020-05-07
3078
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42