Савол № 02354

Чашмони дўстам дард мекунад ва бемадор шудааст. Оё дар ин ҳолат метавонад то хуб шудани аҳволаш рўзаро бихўрад?

Савол:

Ассалому алайкум. Чашмони дўстам дард мекунад ва бемадор шудааст. Оё дар ин ҳолат метавонад то хуб шудани аҳволаш рўзаро бихўрад?

Саволдиҳанда: Шарофиддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дўсти шумо бояд ба табиби ҳозиқе муроҷиат кунад, агар табиб пас аз ташхис муайян кунад, ки рўза доштан сабаби зиёда шудани беморӣ ва бемадории ў мегардад, дар ин ҳолат метавонад, ки рўзаро хўрда, пас аз моҳи муборак қазои онро ба ҷо оварад. Агар дарди чашмон ба ҷисми дўсти шумо заъфе ворид накунад, дар ин ҳолат метавонад ба чашмонаш дору чаконад, вале рўзаро нахўрад.

2020-05-07
2502
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42