Савол № 00236

Оё мумкин аст, ки қазои рӯзаи моҳи Рамазонро (30 рӯз) рӯзҳои душанбе, сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа дошта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе рӯза нагирад ва боз аз рӯзҳои душанбе ҳамин тариқ давом диҳад?

Савол:

Раҳмати Худованд ба Шумо. Оё мумкин аст, ки қазои рӯзаи моҳи Рамазонро (30 рӯз) рӯзҳои душанбе, сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа дошта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе рӯза нагирад ва боз аз рӯзҳои душанбе ҳамин тариқ давом диҳад? Ташаккур!

Саволдиҳанда:Карим.

Ҷавоб:

Танҳо рӯзаи адои Рамазон ва рӯзаи каффорат (рӯзае, ки ба сабаби қасдан шикастани рӯзаи Рамазон гирифта мешавад) пай дар пай дошта мешавад, аммо рӯзаҳои қазоӣ бошад, ба ихтиёри банда аст, метавонад пай дар пай қазо дорад ва ё метавонад миёнахолӣ. (“Таълимул-ислом”, с. 208).

2015-11-19
4586
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44