Савол № 02366

Бо ҳамсарам сахт ҷанҷол кардем, ба ман суханони қабеҳ гуфт, дар ҳолати ғазаб аз ақл берун шуда, гуфтам, ки “се талоқат кардам”. Боз давом дод, ман ҳам се бор ин суханро такрор кардам. Оё ин масъала ягон ривоят дорад?

Савол:

Ассалому алайкум. Бо ҳамсарам сахт ҷанҷол кардем, ба ман суханони қабеҳ гуфт, дар ҳолати ғазаб аз ақл берун шуда, гуфтам, ки “се талоқат кардам”. Боз давом дод, ман ҳам се бор ин суханро такрор кардам. Оё ин масъала ягон ривоят дорад?

Саволдиҳанда: Алӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар марде зани худро се талоқ кунад, ҳамсараш се талоқ мешавад ва дигар ривоят надорад. Азбаски масъалаи талоқ тафсилталаб буда ба баёни ҷузъиёт ниёз дорад, беҳтар аст, ки дар сурати имкон ба Раёсати фатво муроҷиат кунед.

2020-05-09
2672
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:31
Шом17:28
Хуфтан18:58