Савол № 00237

Агар намозеро, масалан намози бомдодро қазо кардам, онро дар кадом вақт хонда метавонам?

Савол:

Агар намозеро, масалан намози бомдодро қазо кардам, онро дар кадом вақт хонда метавонам?

Саволдиҳанда:Айюб

Ҷавоб:

Агар ҳар намозеро, ки қазо кардед, бо аввалин фурсате, ки ба даст меояд, бояд қазояшро ба ҷо оваред. Вақте ки намози бомдод қазо шуд, баъди баромадани офтоб қазои онро ҳамроҳ бо суннаташ то вақти завол (соати 12-у 45 дақиқа) ба ҷо меоред. Вале суннати дигар намозҳо қазо хонда намешавад. Дар се вақт ягон хел намоз гузорида намешавад: 1) Вақти тулӯи офтоб; 2) Вақти қиёми офтоб; 3) Вақти ғуруби офтоб. (“Фиқҳи муяссар”, с. 75-76).

2015-11-19
4358
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57