Савол № 02381

Ман донишҷўи басти дуюм ҳастам ва бегоҳӣ ба хона мерасам, аз ин рў, намозҳои пешин ва аср қазо мешаванд. Тарзи гузоридани намози қазоӣ чӣ гуна аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман донишҷўи басти дуюм ҳастам ва бегоҳӣ ба хона мерасам, аз ин рў, намозҳои пешин ва аср қазо мешаванд. Тарзи гузоридани намози қазоӣ чӣ гуна аст?

Саволдиҳанда: Ҳафиза

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, равиши гузоридани намози қазоӣ монанди намози адоӣ аст, фарқ танҳо дар ин аст, ки “намози қазоӣ” гуфта ният мекунад. Агар шумо имконият дошта бошед, намози пешинро соати 12:35 гузорида сипас ба дарс равед, агар намози аср қазо шуд, онро пеш аз намози шом ё пас аз он бигузоред.

2020-05-19
2385
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39