Савол № 02403
Намози нафл ва таҳаҷҷуд чигуна намоз аст ва дар кадом вақтҳо хонда мешавад?Пас аз гузоридани намози пешин хондани намозҳои қазоӣ дуруст аст? Дар ҳаққи банда дуо кунед, ки имонаш мустаҳкам шавад.
Савол:
Ассалому алайкум. 1. Намози нафл ва таҳаҷҷуд чигуна намоз аст ва дар кадом вақтҳо хонда мешавад? 2. Пас аз гузоридани намози пешин хондани намозҳои қазоӣ дуруст аст? Дар ҳаққи банда дуо кунед, ки имонаш мустаҳкам шавад.
Саволдиҳанда: Бахтиёр
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, намози илова ба фарзу воҷибро намози нафл мегўянд ва он намози ихтиёрӣ буда, монанди намози суннат гузорида мешавад, яъне дар ҳар як ракъати он сураи “Фотиҳа” бо замми сурае хонда мешавад. Гузоридани намози нафл дар ҳама вақт ҷоиз аст, вале дар вақтҳои зайл макрўҳ аст: вақти хутба хондани имом дар ҷумъа, пас аз дамидани субҳ то баланд шудани офтоб, пас аз гузоридани аср то адои намози шом. Намози таҳаҷҷуд низ нафл ба шумор меравад, вале он нимашаб пас аз бедор шудан аз хоб ва пеш аз субҳи содиқ гузорида мешавад. Равиши нияти намози таҳаҷҷуд ё нафл аз ҳам фарқ надорад, агар “ният кардам намоз гузорам” ҳам гўяд, намоз саҳеҳ мешавад. Албатта беҳтар ин аст, ки “ният кардам ду ё чор ракъат намози нафл ё таҳаҷҷуд гузорам” гўяд. Тарзи пурраи он чунин аст: Ният кардам бигузорам ду (ё чор) ракъат намози нафл (ё таҳаҷҷуд), рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар. 2. Гузоридани намози қазоӣ ба ҷуз се вақт: ҳангоми тулуъи офтоб, дар вақти қиёми он (айни нисфирўзӣ) ва ҳангоми ғуруби офтоб, дар дигар вақтҳо дуруст аст.