Савол № 02406
Дар ҳолате, ки намозгузорон ҳама зан бошанд, оё зан метавонад, ки пешдаро бошад? Агар мумкин бошад, намозгузорон ба зани пешдаро чӣ тавр иқтидо мекунанд?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Дар ҳолате, ки намозгузорон ҳама зан бошанд, оё зан метавонад, ки пешдаро бошад? Агар мумкин бошад, намозгузорон ба зани пешдаро чӣ тавр иқтидо мекунанд?
Саволдиҳанда: Фаридун
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ ҷамоати занон макрўҳ аст. Агар занон намози ҷамоат барпо карданд, имомашон, яъне зани пешдаро дар миёнашон дар саффи аввал меистад.