Савол № 02417

Дар вақти саҷда чанд узви бадан бояд ба замин расад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар вақти саҷда чанд узви бадан бояд ба замин расад?

Саволдиҳанда: Акбарҷон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳангоми саҷда ҳафт узви бадан ба замин мерасад: ҳарду пой, ҳарду зону, ҳарду каффи даст, пешонӣ бо бинӣ, зеро Расули Худо (с) дар ҳадисе фармудаанд: “Ман маъмур шудаам, ки бо ҳафт устухон (узв) саҷда кунам: бо пешонӣ – ва бо дасташ ба бинии мубораки худ ишора кард, - ҳарду даст, ҳарду зону ва ҳарду қадам”. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

2020-05-21
2634
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:31
Шом17:28
Хуфтан18:58