Савол № 02428

Ман донишҷў ҳастам, рўзҳои ҷумъа то соати 13:00 дарс мехонем. Намози ҷумъаро хонда наметавонам. Агар аз дарс гурехта ба намоз равам, оё намозам қабул мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман донишҷў ҳастам, рўзҳои ҷумъа то соати 13:00 дарс мехонем. Намози ҷумъаро хонда наметавонам. Агар аз дарс гурехта ба намоз равам, оё намозам қабул мешавад?

Саволдиҳанда: Аминҷон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо низоми дарси донишгоҳро риоя кунед ва дар ҳама дарсҳои он иштирок кунед, пас аз интиҳои дарс намози пешинро гузоред.

2020-05-22
3298
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:14
Пешин12:40
Аср15:23
Шом17:30
Хуфтан19:00