Савол № 02432

Ман хоб дидам, ки дар як даштам, ҳама сабзазор, дар назарам малоикаҳо бардошта ба осмон мебаранд, аз боло нигоҳ мекунам, тамоми кураи заминро мебинам. Дар назарам малоикаҳо мегўянд, ки мо ба Худо наздикем, намозҳоятро хон. Баъд ба замин оварда, дар лаби як дарё мефароранд. Илтимос, таъбири ин чист?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман хоб дидам, ки дар як даштам, ҳама сабзазор, дар назарам малоикаҳо бардошта ба осмон мебаранд, аз боло нигоҳ мекунам, тамоми кураи заминро мебинам. Дар назарам малоикаҳо мегўянд, ки мо ба Худо наздикем, намозҳоятро хон. Баъд ба замин оварда, дар лаби як дарё мефароранд. Илтимос, таъбири ин чист?

Саволдиҳанда: Аъзам

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ин хоби шумо хайру башорат ва роҳнамоӣ ба роҳи рост ва амали нек аст, шумо дар ин моҳи муборак ба худсозӣ ва таҳзиби ахлоқ ва ислоҳи рафтору кирдоратон машғул шуда, кўшиш кунед, ки рўҳу равонатон ва олами маънавии худро бо тиловати Қуръон ва ёди Худо тағзия намоед.

2020-05-22
2537
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44