Савол № 00244

Далели мавҷудият ва дар айни ҳол офарида будани онҳо чист?

Савол:

Далели мавҷудият ва дар айни ҳол офарида будани онҳо чист?

Саволдиҳанда:Қурбон

Ҷавоб:

Худованд моро хабар додааст, ки биҳишту дӯзах омода карда шудааст, чунонки дар хусуси биҳишт мефармояд: “Барои парҳезгорон омода карда шудааст”. (“Оли Имрон”, 133). Ҳамчунин дар мавриди офарида шудани дӯзах фармудааст: “Ва аз он оташ, ки барои кофирон омода карда шудааст, бипарҳезед”. (“Оли Имрон”, 131).

Далели дигар ин ки Худованд Одаму Ҳавворо дар ҷаннат офаридааст ва онҳо то ҳангоми хӯрданашон аз дарахти манъшудаи ҷаннат дар он ҷо сокин буданд. Ҳамчунин дар ояти дигар омадааст, ки кофирон ҳар субҳу шом бар дӯзах арза карда мешаванд. Роҷеъ ба ин масъала дар ҳадисе чунин ривоят шудааст: “Вақте ки яке аз шумо бимирад, ҷойгоҳаш бар ӯ нишон дода мешавад...”. (Ривояти Бухорӣ). Пас, аз ин далелҳо маълум мегардад, ки биҳишту дӯзах алҳол офарида шуда ва вуҷуд доранд. 

2015-12-02
4201
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43