Савол № 02442

Ду рўз пеш хоб дидам, ки ҳамроҳи падару модару оилаамон ба ҳаҷ рафтаем ва дар назди хонаи Худо ҳастем. Бор севум аст, ки дар хобам ба ҳаҷ меравам. Таъбираш чӣ бошад?. Дар хобам Ҷабраили аминро дидам, ки чандто кордро тез мекард ва як то кордро ба ман доданӣ буд. Таъбири ин хоб чист?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Ду рўз пеш хоб дидам, ки ҳамроҳи падару модару оилаамон ба ҳаҷ рафтаем ва дар назди хонаи Худо ҳастем. Бор севум аст, ки дар хобам ба ҳаҷ меравам. Таъбираш чӣ бошад? 2. Дар хобам Ҷабраили аминро дидам, ки чандто кордро тез мекард ва як то кордро ба ман доданӣ буд. Таъбири ин хоб чист?

Саволдиҳанда:Омина

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Хоҳари азиз, ин хоби шумо нишонаи диндорӣ ва собитқадам буданатон бар шариати илоҳӣ мебошад. Агар ба ҳаҷ нарафта бошед, иншоаллоҳ ба зиёрати хонаи Худо мушарраф мешавед. 2. Ин хоби шумо иншоаллоҳ хайр ва нек аст, агар оиладор бошед, соҳиби писар хоҳед шуд.

2020-05-28
2817
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44