Савол № 02446

Ман як духтарча дорам. Шавҳарам бо ман муносибати хуб надорад, ҷойи хобашро ҷудо кардааст. Ҳар гоҳе ҳамхоба шудан хоҳад, меояд ва боз рафта ҷудо мехобад. Оё ин кори ў дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Ман китоби Қуръонро хонда метавонам, аммо таҷвидро намедонам. Аз телефон савти Мишорӣ Рошидро гўш мекунам ва баробари ў мехонам. Оё ин кори ман дуруст аст ё на? 2. Ман як духтарча дорам. Шавҳарам бо ман муносибати хуб надорад, ҷойи хобашро ҷудо кардааст. Ҳар гоҳе ҳамхоба шудан хоҳад, меояд ва боз рафта ҷудо мехобад. Оё ин кори ў дуруст аст? Ман аз ин кори ў ғамгинам, намедонам чӣ кор кунам. Ба ман ягон маслиҳат диҳед.

Саволдиҳанда: Хоҳари исломӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Хоҳари азиз, шумо барои дуруст ва мутобиқи таҷвид хондани Қуръон назди як нафар мутахассис оятҳо ва сураҳоро шифоҳӣ гузаронед. 2. Барои ҳалли ин мушкили хонаводагӣ шумо кўшиш кунед, ки бо суханони нарму ширин ва бо рафтору гуфтори ҳамида қалби шавҳаратонро ба даст оред. Китобҳоеро, ки дар мавзўъи масоили хонаводагӣ ба нашр расидаанд, мутолиа кунед ва дар ҳалли мушкили худ аз он истифода баред, иншоаллоҳ комёб мешавед.

2020-05-28
3102
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44