Савол № 02452
Имсол нисоби закот чӣ қадар муайян шудааст? Дар чӣ миқдор маблағ закот фарз мешавад?
Савол:
Ассалому алайкум. Имсол нисоби закот чӣ қадар муайян шудааст? Дар чӣ миқдор маблағ закот фарз мешавад?
Саволдиҳанда: Фирўз
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, нисоби имсолаи закот 21000 сомонӣ муайян шудааст, ки аз ин миқдор 525 сомонӣ закот пардохта мешавад. Касе, ки молики ин миқдор маблағ бошад, бар ў закот фарз мешавад.
2020-06-02
2927