Савол № 02456

Оиди закот маълумот медодед. Имсол нисоби закот чӣ миқдор аст? Дар кадом вақт ва ба кадом касон бояд закот дод?

Савол:

Ассалому алайкум. Оиди закот маълумот медодед. Имсол нисоби закот чӣ миқдор аст? Дар кадом вақт ва ба кадом касон бояд закот дод?

Саволдиҳанда: Абдураҳмон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, закот бар шахсе фарз аст, ки дорои нисоби закот, яъне молики 21000 сомонӣ бошад. Пас аз гузаштани як сол аз вақти соҳиби нисоб шудан ба андозаи 525 сомонӣ ба фақире ё мискине ҳамчун закот мепардозад. Агар ин миқдор маблағро молик набошад, бар ў закот фарз намешавад. Шарти воҷиб шудани закот ба нисоб расидани мол аст, агар қабл аз ба нисоб расидан ҳам пардохт кунад, ҷоиз ва кори хайр аст. Додани закот ба ҷуз падару модар ва фарзанду набера ва ҳамсар ба дигар хешовандон дуруст аст, агар моли ба нисобрасида надошта бошанд.

2020-06-02
3442
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42