Савол № 02457

Закот чи тавр ҳисоб карда мешавад? Ба кадом касон бояд закот дод? Оё пули закотро тақсим карда, бо нисфи он роҳ сохтан мумкин аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Закот чи тавр ҳисоб карда мешавад? Ба кадом касон бояд закот дод? Оё пули закотро тақсим карда, бо нисфи он роҳ сохтан мумкин аст?

Саволдиҳанда: Ғолибҷон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, вақте ки миқдори пул ба ҳадди нисоб расид, пас аз гузаштани як сол аз чиҳил як ҳиссаи онро ҳамчун закот бояд пардохт намуд. Масалан, агар пули касе ба 21000 сомонӣ расид, аз ин миқдор 525 сомонӣ закот дода мешавад. Закот ба ашхоси фақиру мискин ва тангдасту камбизоат пардохта мешавад. Яке аз масрифҳои закот “фӣ сабилиллоҳ” – роҳи Худо аст, бинобар ин, шумо метавонед як қисми пули закотро дар сохтани роҳ сарф кунед. 

2020-06-02
4328
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39