Савол № 02461

Тартиби намози ҷаноза, дуоҳо ва тарҷумаи онҳоро баён мекардед.

Савол:

Тартиби намози ҷаноза, дуоҳо ва тарҷумаи онҳоро баён мекардед.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

 Ассалому алайкум. 1. Бародари азиз, намози ҷаноза фарзи кифоя буда, дар ҳаққи мусулмонон дуо аст. Намози ҷаноза бо чаҳор такбир, дар ҳолати истода адо карда мешавад. Ин намоз рукуъ ва саҷда надорад. Имом дар баробари синаи майит меистад ва аз пушти ў ҷамоат саф мегиранд. Бо гуфтани аввалин такбир дастҳо то баробари нармии гўш баланд шуда, зери ноф баста, баъд дуои саноро бихонад:

«Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука».

Тарҷума: «Ба покӣ ёд мекунам туро эй Аллоҳ ва ҳамди Туро мегўям, бобаракат аст номи Ту ва бартар аст зоти Ту, нест худое ҷуз Ту».

Баъд аз хондани сано бе бардоштани дастҳо такбири дувум гуфта мешавад. Ин такбирро имом бо овози баланд ва муқтадиҳо бо овози паст мегўянд ва «Аллоҳумма салли» ва «Аллоҳумма борик» мехонанд:

 «Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум-Маҷид. Аллоҳумма борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум-Маҷид». 

Тарҷума: «Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад дуруд бифирист, ҳамон гуна ки бар Иброҳим ва хонадони Иброҳим дуруд фиристодӣ. Ҳамоно Ту ситудашуда ва бузургворӣ. Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад баракат бифирист, ҳамон гуна ки бар Иброҳим ва хонадони Иброҳим баракат фиристодӣ. Ҳамоно Ту ситудашуда ва бузургворӣ».  

Баъд аз ин такбири севумро гуфта, дуои ҷаноза хонда мешавад, ки матн ва тарҷумааш чунин аст:

«Аллоҳуммағфир лиҳаййино ва маййитино ва шоҳидино ва ғоибино ва кабирино ва сағирино ва закарино ва унсоно. Аллоҳумма ман аҳяйтаҳу минно фааҳйиҳӣ ъала-л-ислом ва ман таваффайтаҳу минно фатаваффаҳу ъала-л-имон, бираҳматика ё арҳамарроҳимин».

Яъне: Худовандо гуноҳони зиндагону мурдагон, ҳозирону ғоибон, хурду калон ва мардону занони моро мағфират фармо. Худовандо касеро аз мо зинда дорӣ, пас ўро бар ислом зинда дор ва касеро, ки аз мо мемиронӣ, пас ўро бо имон бимирон, ба раҳматат умедворем эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.

Агар майит писараки хурдсол бошад, ин дуоро бихонад:

«Аллоҳуммаҷъалҳу лано фаратан ваҷъалҳу лано аҷран ва зухран ваҷъалҳу лано шофиъан ва мушаффаъан бираҳматика ё Арҳамарроҳимин».

Яъне: Худоё, ўро барои мо пешрав дар биҳишт, музду захираи охират ва шафоаткунанда бигардон ва шафоати ўро дар ҳаққи мо мақбул фармо.

Агар майит духтараки хурдсол бошад, ҳамон дуоро бо андак тафовут ба ин тариқ мехонад:

«Аллоҳуммаҷъалҳо лано фаратан ваҷъалҳо лано аҷран ва зухран ваҷъалҳо лано шофиъатан ва мушаффаъатан бираҳматика ё Арҳамарроҳимин».

Дар охир такбири чаҳорум гуфта шуда, бо кушода шудани дастҳо салом дода мешавад.a

2020-12-05
4902
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39