Савол № 02470

Дар яке аз суолҳои сомона чунин посух дода будед, ки шахсе, ки гоҳе намозро тарк мекунад ва боз онро идома медиҳад, ба сабаби тарки намоз сахт гунаҳгор мешавад. Боз суол чунин аст, ки агар шахсе ба хотири шикастани таҳорат намозро ба муддате тарк кунад, дар шариати Ислом чӣ ҳукм дорад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Дар яке аз суолҳои сомона чунин посух дода будед, ки шахсе, ки гоҳе намозро тарк мекунад ва боз онро идома медиҳад, ба сабаби тарки намоз сахт гунаҳгор мешавад. Боз суол чунин аст, ки агар шахсе ба хотири шикастани таҳорат намозро ба муддате тарк кунад, дар шариати Ислом чӣ ҳукм дорад?

Саволдиҳанда: Шаҳриёр

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намоз фаризаи илоҳӣ буда, анҷоми он бар ҳар фарди мусулмон ҳатмӣ аст ва тарки он ҳаргиз раво нест. Шариати Ислом ҳамаи паҳлуҳои зиндагии инсонро ба назар гирифта, вобаста ба тавони ў вазифаи шаръиро бар уҳдааш гузоридааст. Агар дар касе узре ё беморие вуҷуд дошта бошад, ки ба сабаби он бақои таҳорат барояш имконпазир набошад, дар ин сурат таяммум карда намозро дар вақташ мегузорад.

2021-02-21
1958
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39