Савол № 02471

Оё мо дар сафар суннатҳоро бигузорем ё не?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Оё мо дар сафар суннатҳоро бигузорем ё не?

Қадриддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намозҳои суннат низ фармудаи Худованд ҳастанд, зеро ҷумлаи гуфтору кирдори Расули Худо (с) аст. Худованд Расули худро чунин васф мекунад: “Ва сухан аз хоҳиши нафс намегўяд. Нест гуфтораш, магар ваҳй, ки ба ў фиристода мешавад”. (Сураи “Наҷм”, ояти 3-4) Ҳазрати Пайғамбар (с) намозҳои суннатро дар ҳама ҳол хондаанд, хоҳ дар сафар бошад, хоҳ дар ҳазар (хона), фақат дар ҳолати зарурат онро тарк намуданд. (“Сунан”-и Тирмизӣ, ҷ. 2, с. 435)

2021-02-21
1861
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39