Савол № 02472

Ман ба нияти кор ва пеш бурдани зиндагӣ ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ пилорама харидам. Оё аз ин пилорама закот супорам ё не?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман ба нияти кор ва пеш бурдани зиндагӣ ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ пилорама харидам. Оё аз ин пилорама закот супорам ё не? 

Саволдиҳанда:Салом

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар асбобу таҷҳизоти касбу кор закот воҷиб намешавад, агар фоида ва даромаде, ки аз он ба даст меоред, ба миқдори нисоби закот, яъне 20 ҳазор сомонӣ баробар шавад ва як сол аз он гузарад, дар ин ҳолат пардохти закот лозим мешавад.

2021-02-21
2367
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42