Савол № 02485

Шакарро дар оташ ҷушонда ба он доруе омехта мекунанд, ки мисли асал мешавад, пас онро асали тоза гуфта мефурўшанд. Оё пули он ҳалол аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Шакарро дар оташ ҷушонда ба он доруе омехта мекунанд, ки мисли асал мешавад, пас онро асали тоза гуфта мефурўшанд. Оё пули он ҳалол аст?

Саволдиҳанда: Мирзоумар

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Паёмбари акрам (с) дар ҳадисе фармудаанд: “Касе фиреб мекунад, аз мо нест”. Пас, ҳар кору амале, ки дар он фиребу норостӣ вуҷуд дорад, баракате аз он ҳосил намешавад, ҳатто мумкин аст сабаби наҳсӣ дар зиндагӣ ва молу сарват ҳам гардад. Ҳар касе панди «он чи ба худ написандӣ, ба дигарон написанд»-ро шиори зиндагии худ қарор диҳад, ҳаргиз ба ин гуна амали нораво даст намезанад.

2021-02-28
1753
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44