Савол № 02488

Ман мехоҳам рўзаи нафл бигирам. Тариқи нияти рўзаи нафл ва нияти рўзаи рўзҳои душанбе ва панҷшанбе чигуна аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ман мехоҳам рўзаи нафл бигирам. Тариқи нияти рўзаи нафл ва нияти рўзаи рўзҳои душанбе ва панҷшанбе чигуна аст?

Саволдиҳанда: Иброҳим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, рўзаҳои нафлӣ бисёр аст ва ҳар яке фазилати ба худ хос дорад. Рўза гирифтан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе низ аз қабили рўзаи нафл аст ва аҷру савоби бисёр дорад. Дар ҳолати рўзаи нафл доштан ҳам то дамидани субҳи содиқ тановул кардан суннат аст. Тариқи нияти рўзаи нафл чунин аст: Ният кардам рўзаи нафл дорам аз субҳи содиқ то намози шом, холисан лиллоҳи таъоло.

Дар ин рўзҳо бо нияти нафл рўза гирифтан хуб ва боиси аҷру савоб аст. Тариқи нияти он чунин аст: Ният кардам, ки барои ризои Худо рўзаи нафл дорам.

2021-02-28
2276
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:51
Пешин12:40
Аср17:26
Шом19:25
Хуфтан20:56