Савол № 02490

Ба наздикӣ шавҳари ман дар синни 32-солагӣ даргузашт. Ман 30-солаам ва соҳиби чор фарзанд ҳастам. Бо ў муддати ҳашт сол зиндагӣ кардам. Мехоҳам, ки дар он дунё бо ў бошам. Чӣ кор кунам, ки ў маро бишиносад?...

Савол:

Ассалому алайкум. Ба наздикӣ шавҳари ман дар синни 32-солагӣ даргузашт. Ман 30-солаам ва соҳиби чор фарзанд ҳастам. Бо ў муддати ҳашт сол зиндагӣ кардам. Мехоҳам, ки дар он дунё бо ў бошам. Чӣ кор кунам, ки ў маро бишиносад? Намедонам, ки ин дунёро кай тарк мекунам. Худо медонад, ки умрам кўтоҳ аст ё дароз. Агар пир шавам ва аз дунё гузарам, шавҳарам, ки ҷавон буд, маро мепазирад?

Хоҳари исломӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, ҳаводиси қиёмат дар илми ғайб аст ва онро танҳо Худо медонад. Шумо ғамгин нашавед, ҳамеша дар ҳаққи шавҳаратон дуои нек кунед, муҳиму асос парҳезгору ботақво бошед. Дар ривоятҳо омадааст, ки мардони ҷаннатӣ бо ҳамсарони худ буда, ҳама марду зан ҷавон ҳастанд ва ҳамсарони онҳо ҳатто аз ҳурони биҳиштӣ зеботар мебошанд ва ҳамдигарро мешиносанд. 

2021-02-28
2332
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39