Савол № 02495

Муддати се моҳ мешавад, ки ман оиладор ҳастам, аммо шавҳарамро як духтари бадхоҳ ҷоду мекунад, мақсадаш моро ҷудо кардан аст. Ҳоло панҷ рўз аст, ки ману шавҳарам мисли бегона бо ҳамдигар сухан мегўем...

Савол:

Ассалому алайкум. Муддати се моҳ мешавад, ки ман оиладор ҳастам, аммо шавҳарамро як духтари бадхоҳ ҷоду мекунад, мақсадаш моро ҷудо кардан аст. Ҳоло панҷ рўз аст, ки ману шавҳарам мисли бегона бо ҳамдигар сухан мегўем. Ман оилаамро ҳимоя кардан мехоҳам. Чӣ дуо хонам, ки меҳру муҳаббати ману шавҳарам зиёд гардад ва ягон сеҳру ҷоду ба мо зарар нарасонад.

Саволдиҳанда: Шоира

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, шумо пеш аз даромадан ба бистари хоб “Оятул-Курсӣ” ва сураҳои “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро хонда бар худ бидамед, дуруду салавот бисёр хонед ва ҳар рўз зикри “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-ро сад бор гўед, агар тавонед, намози шаб гузоред, иншоаллоҳ ба мақсад мерасед.

2021-03-10
1902
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39