Савол № 02496

Даромадани зан ба қабристон дар мазҳаби мо дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Даромадани зан ба қабристон дар мазҳаби мо дуруст аст?

Саволдиҳанда: Парвиз

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ рафтани занҳо ба қабристон ҷоиз аст, фақат бо риояи шароит, яъне ҳангоми ба қабристон рафтан аввалан аз шавҳараш иҷозат гирад, сатри шаръиро риоя карда, аз нолаву фиғону мўй кандан худдорӣ кунад. Албатта дар он ҷо фотиҳа хондан барои аҳли қабристон боиси аҷру савоб аст.

2021-03-10
2299
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:33
Пешин12:40
Аср17:45
Шом19:44
Хуфтан21:14