Савол № 02504

Дуои пеш аз хоб кадом аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Дуои пеш аз хоб кадом аст?

Саволдиҳанда: Алишер

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, зикру дуоҳои пеш аз хоб, ки аз Паёмбар (с) ривоят шудаанд, хеле зиёданд, аз ҷумла хондани “Оятул-Курсӣ” ва сураҳои “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”. Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шудааст, ки чун Паёмбар (с) ба бистари худ хоб мерафт, кафи дастҳои худро бо ҳам ҷамъ карда, дар онҳо сураҳои «Қул Ҳуваллоҳу Аҳад» ва «Қул аъузу биРабби-л-фалақ» ва «Қул аъузу биРабби-н-нос»-ро хонда, дастҳои худро ба сар ва қисмати пеши рўи худ ва баъд аз он ба тамоми бадани худ масҳ мекард ва ин амалро се бор такрор мекарданд. Инчунин аз ҳазрати Ҳузайфа ибни Ямон (р) ривоят шудааст, ки ҳар гоҳ Паёмбар (с) ба бистари хоб мерафтанд, ин дуоро мехонданд: «Бисмика амуту ва аҳё». Яъне, ба номат эй Худо мемираму зинда мешавам. Барои огоҳии бештар оиди ин мавзўъ шумо ба китоби «Нақши дуо дар зиндагии инсон», ки дар бахши «Китобхона»-и сомонаи Shuroiulamo.tj мавҷуд аст, муроҷиат кунед.

2021-03-22
5659
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43