Савол № 02518

Суннати бомдодро нахонда, фарзро хонем, ба намоз ягон халале ворид мешавад ё ки пас аз фарз суннатро ҳам бигузорем.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Суннати бомдодро нахонда, фарзро хонем, ба намоз ягон халале ворид мешавад ё ки пас аз фарз суннатро ҳам бигузорем.

Саволдиҳанда: Собир

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз байни ҳама суннатҳои намозҳои панҷгона дар намози суннати бомдод таъкиди бештаре ворид шудааст. Агар шумо ба ҷамоати бомдод расидед ва ҳанўз суннатро нагузорида бошед, агар бовар дошта бошед, ки як ракъати фарзро бо ҷамоат дармеёбед, пас суннатро дар як гўша гузорида, сипас ба ҷамоат ҳамроҳ шавед. Ба ин тариқ шумо ҳам фазилати адои суннат ва ҳам фазилати ҷамоатро ба даст меоред. Агар ба сабаби машғул шудан ба адои суннат ҷамоатро аз даст диҳед, дар ин сурат суннатро тарк карда, ба ҷамоат пайваст шавед. Пас аз адои фарз метавонед суннатро баъд аз тулуъи офтоб гузоред.

2021-04-01
2404
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39