Савол № 02532
Оё намози нафл ба ҷойи намозҳои қазоӣ ҳисоб мешавад?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё намози нафл ба ҷойи намозҳои қазоӣ ҳисоб мешавад?
Саволдиҳанда: Марям
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хоҳари азиз, намозҳои қазоӣ дар зиммаи соҳибаш дайн буда, адо кардани онҳо ҳатмӣ аст, аммо намози нафл ихтиёрӣ аст, агар гузорад, савоб мегирад ва дар сурати нагузоридан гуноҳе бар ў навишта намешавад. Албатта рўзи қиёмат савоби намози нафлро ҳам барои пур кардани нуқсони фарз ба назар мегиранд.