Савол № 02534
1. Дар сафари зиёда аз понздаҳ рўз бояд се рўзи аввал намоз қаср хонда мешавад ё ҳамаи он рўзҳо? 2. Рўзҳои 13-ум, 14-ум ва 15-уми ҳар моҳ рўза доштан мустаҳаб аст, оё моҳи мелодӣ дар назар аст ё моҳи арабӣ?
Савол:

Саволдиҳанда: Шоҳрух
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. 1. Бародари азиз, шахси мусофир дар тамоми муддати сафари худ намозҳои чаҳорракъатиро қаср мекунад, вале агар дар шаҳре зиёда аз понздаҳ рўз иқомат кардан хоҳад, дар ин ҳолат намозро пурра мегузорад. 2. Дар ин ҷо моҳҳои ҳиҷрии қамарӣ дар назар аст, на моҳҳои мелодӣ.