Савол № 02535
Оё дар ҳақиқат Салмони Форсӣ 250 сол умр дидааст? Агар ин ривоят саҳеҳ бошад, лутфан онро пешниҳод мекардед.
Савол:
Ассалому алайкум. Оё дар ҳақиқат Салмони Форсӣ 250 сол умр дидааст? Агар ин ривоят саҳеҳ бошад, лутфан онро пешниҳод мекардед.
Саволдиҳанда: Дилшод
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тибқи ривояти саҳеҳ Салмони Форсӣ 250 сол умр дидааст ва ин ривоятро Мулло Алӣ Қорӣ дар китоби “Мирқотул-мафотеҳ” – шарҳи “Мишкотул-масобеҳ” овардааст. Мавриди зикр аст, ки барои мову шумо чанд сол умр дидани кадом бузурге муҳим нест, балки аз ирода ва тақвои ў панду ибрат гирифта, пайравӣ кардан муҳим аст.