Савол № 02537

Ба номи гузаштагон намози истиғфор ё тавба бихонам, дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Ба номи гузаштагон намози истиғфор ё тавба бихонам, дуруст аст?

Саволдиҳанда: Дилмурод

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ ба ҷойи каси дигар намоз гузоридан ё рўза доштан ҷоиз нест. Аммо агар намози нафл гузоред ва савобашро ба рўҳи гузаштагон бибахшед, равост. Дар вақти ният кардан “намози истиғфор” ё “намози тавба” гуфтан шарт нест, балки “намози нафл” гуфтан кофӣ аст.

2021-04-15
4055
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:46
Пешин12:40
Аср16:31
Шом18:26
Хуфтан19:56