Савол № 02538

Ман тарсе дар дил дорам, ки дар одитарин корҳо маро ба ларза меорад ва забонам мепечад. Чӣ кор кунам, ки ин тарс аз ман дур шавад ва аз ин дард халос ёбам?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман тарсе дар дил дорам, ки дар одитарин корҳо маро ба ларза меорад ва забонам мепечад. Чӣ кор кунам, ки ин тарс аз ман дур шавад ва аз ин дард халос ёбам?

Саволдиҳанда: Саттор

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо метавонед сураи “Фотиҳа”, “Оятул-Курсӣ” ва сураҳои “Алам нашраҳ”, “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро ҳафтборӣ хонда, ба бадани худ бидамед ё ба ягон мутахассиси руқяхон муроҷиат кунед ва худро руқя бихонед. Илова бар ин, аз тавсияҳои табиби асабшинос низ истифода баред ва ғизоҳоеро, ки барои тақвияти асаб муфиданд, истеъмол кунед, иншоаллоҳ шифо меёбед.

2021-04-15
2118
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43