Савол № 00256

Пайғамбари Худо (с) шаби меъроҷ чӣ гуна умматонашро дид, ки дар дӯзах месӯзанд. Оё касоне, ки вафот кардаанд, дохили биҳишту дӯзах шудаанд ё на?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ман як суол доштам. Пайғамбари Худо (с) шаби меъроҷ чӣ гуна умматонашро дид, ки дар дӯзах месӯзанд. Оё касоне, ки вафот кардаанд, дохили биҳишту дӯзах шудаанд ё на?

Саволдиҳанда:Солеҳ.

Ҷавоб:

Дар шаби меъроҷ Худованд воқеаҳоеро, ки дар оянда рӯй медиҳанд, ба ҳабибаш нишон дод, яъне он касоне, ки ба биҳишт ворид мешаванд ва он касоне, ки дар дӯзах гирифтор мегарданд, ба Пайғамбар (с) нишон дода шуд. Аммо ин воқеаҳо дар рӯзи қиёмат рух хоҳад дод. Дар ҳоли ҳозир биҳишту дӯзах офарида шудаанд, лекин холӣ ҳастанд. Касоне, ки вафот кардаанд, рӯҳҳояшон дар олами арвоҳ ва ҷасадҳояшон дар олами барзах қарор доранд. Аҳли имону амали солеҳ дар роҳат ва аҳли маъсияту гуноҳ дар азобанд. 

2016-01-08
4282
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43