Савол № 02561
Дар намози таровеҳ дар ду ракъати аввал ният карда, дар ракъатҳои минбаъда фақат такбири таҳрима гуфтан дуруст аст ё на?
Савол:
Ассалому алайкум. Дар намози таровеҳ дар ду ракъати аввал ният карда, дар ракъатҳои минбаъда фақат такбири таҳрима гуфтан дуруст аст ё на?
Саволдиҳанда: Ғайрат
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ният кардан амали қалб аст ва қабл аз ҳар намозе, аз ҷумла дар ҳар намози таровеҳ фарз аст. Агар ниятро бо забон нагўяд ва онро дар қалбаш гузаронида, фақат такбири таҳрима гўяд, дуруст аст, вале бо забон гуфтани он афзал аст.