Савол № 02566
Дар аснои ҳаракати мошин дар сари чанбараки он намоз гузоридан дуруст аст?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар аснои ҳаракати мошин дар сари чанбараки он намоз гузоридан дуруст аст?
Саволдиҳанда: Азиз
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар ҳолати рондани мошин намоз гузоридан раво нест, балки онро берун аз мошин бояд гузорад. Аммо барои шахсони ҳамроҳи ронанда гузоридани намози нафл дар ҳама ҳолат дуруст аст, инчунин гузоридани намози фарз низ раво аст, агар ҳолати қазо шудани намоз пеш ояд ва дар ихтиёрашон набошад.