Савол № 02570

Ман ба тиҷорати дору машғулам ва дорухона дорам. Миқдори моли тиҷоратам ба 60000 сомонӣ мерасад, аммо пули нақд надорам. Оё аз ин мол закот медиҳам ё ки пас аз фурўхтани он бояд закот диҳам? 2. Оё додани закот ба шахси ношиносе, ки аз норасоии зиндагӣ шикоят мекунад, дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум домулло. 1. Ман ба тиҷорати дору машғулам ва дорухона дорам. Миқдори моли тиҷоратам ба 60000 сомонӣ мерасад, аммо пули нақд надорам. Оё аз ин мол закот медиҳам ё ки пас аз фурўхтани он бояд закот диҳам? 2. Оё додани закот ба шахси ношиносе, ки аз норасоии зиндагӣ шикоят мекунад, дуруст аст?

Саволдиҳанда: Муҳаммад

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар сурати мазкур фурўхтани ҳамаи моли тиҷорат ё доштани пули нақд шарт нест, шумо аз ҳамон моли тиҷорат ба маблағи 1500 сомонӣ закот медиҳед. 2. Агар он фарди ношинос дар ҳақиқат фақир ва ниёзманд бошад, пас, додани закот ба ў дуруст аст, вале агар гадои касбӣ бошад, ҷоиз нест, балки ҳаром аст.

2021-05-09
2619
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42