Савол № 00258
Ассалому алайкум, устодони муҳтарам. Чанд сол мешавад, ки китоби “Фиқҳи акбар”-и ҳазрати Имом Аъзам Абӯҳанифаро бо забони тоҷикӣ ҷустуҷӯ мекунам. Хоҳишмандам барои дарёфт намудан мусоидат намоед.
Савол:
Ассалому алайкум, устодони муҳтарам. Чанд сол мешавад, ки китоби “Фиқҳи акбар”-и ҳазрати Имом Аъзам Абӯҳанифаро бо забони тоҷикӣ ҷустуҷӯ мекунам. Хоҳишмандам барои дарёфт намудан мусоидат намоед. Мо ҳанафимазҳаб мегӯем, аммо мутаассифона ба сабаби номаълум маҳз китобҳое, ки муаллифашон Имоми Аъзам мебошад, махсусан “Фиқҳи акбар” бо забони тоҷикӣ дастрас намешавад. Ман фикр мекунам, ки дастрас набудани китоби “Фиқҳи акбар” сабаби роҳгум задани ҷавонони имрӯзаи тоҷик мебошад.
Ҷавоб:
Бародари азиз, тарҷумаи матни “Фиқҳи акбар” ба забони тоҷикӣ омода шудааст, иншоаллоҳ рӯзҳои наздик дар сомонаи Маркази исломӣ ба нашр хоҳад расид.