Савол № 02581
Ман дар шаҳри Душанбе донишҷў ҳастам ва хонаамон берун аз шаҳр воқеъ аст. Дар таътили зимистона ба хонаамон меравам ва пас аз 12 рўз боз ба шаҳр бармегардам. Оё дар ин муддати 12 рўз намозро қаср мехонам ё пурра?
Савол:
Ассалому алайкум. Ман дар шаҳри Душанбе донишҷў ҳастам ва хонаамон берун аз шаҳр воқеъ аст. Дар таътили зимистона ба хонаамон меравам ва пас аз 12 рўз боз ба шаҳр бармегардам. Оё дар ин муддати 12 рўз намозро қаср мехонам ё пурра?
Саволдиҳанда: Сафаралӣ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ватани аслӣ намоз пурра гузорида мешавад, қаср кардани намоз фақат барои шахси мусофир аст, на барои муқим.