Савол № 02583

Оё дар намози витр ба ҷои дуои қунут сураи “Қул ҳуваллоҳу аҳад” хондан дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё дар намози витр ба ҷои дуои қунут сураи “Қул ҳуваллоҳу аҳад” хондан дуруст аст?

Саволдиҳанда: Кишвар

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар касе дуои қунутро намедонад, метавонад, ки то вақти аз бар кардан ба ҷои дуои қунут як бор ояти “Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор”-ро бихонад ё ки се бор “Аллоҳуммағфир лӣ” бигўяд. Вале саъйу кўшиш кунад, ки ҳарчи зудтар дуои қунутро ёд гирад.

2021-05-12
3048
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39